Бонки давлатии рушди Чин дар Тоҷикистон зиёда аз 20 лоиҳаи сармоягузориро дастгирӣ намудааст

Июнь 12, 2017 13:39

ДУШАНБЕ, 12.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Президенти Бонки давлатии рушди Чин Чжен Чжи Тсзе мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои телекоммуникатсия, кишоварзӣ, саноат, гидроэнергетика, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна ибрози андеша намуданд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки Бонки давлатии рушди Чин дар тӯли фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 лоиҳаи сармоягузориро дастгирӣ намудааст.

Июнь 12, 2017 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад