Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 11.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон ташриф овард.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дод, ки меҳмони олимақомро дар Фурудгоҳ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Интизор меравад, ки дар ин сафар Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намояд.
12 июн Дабри кулли СММ дар шаҳри Душанбе дар конфронс оид ба рушди устувор ширкат хоҳад варзид.
13 июн Антониу Гутерриш ба Ашхобод сафар намуда, дар назар аст бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намояд. Инчунин, дар Ашхобод Дабири кулли СММ дар муколамаи сатҳи баланд бахшида ба татбиқи стратегияи мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ иштирок мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар доираи сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дидан намуд.









КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






