Дар 5 моҳ бар асари садама дар роҳҳои автомобилгарди ВМКБ 5 нафар ҳалок ва 8 нафар маҷрӯҳ шуданд

Июнь 17, 2017 09:57

ХОРУҒ, 17.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири  ҷилавгирӣ  аз садамаҳои  роҳу нақлиёт, беҳтар ба роҳ мондани танзими ҳаракати  нақлиёт, пешгирии  ҳаргуна  қонунвайронкунӣ нозирони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 italy-med.com июни соли равон рейди мавсум ба «Тартибот» ва «Дар роҳ бачаҳо»-ро роҳандозӣ карданд.

Нозири калони Бозрасии давлатии автомобилии РВКД Хосият Гулзорхонова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки чанд моҳи охир дар роҳҳои автомобилии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят мошинҳои  сиёҳшишаи бе рақами давлатӣ, бо рақамҳои қалбакӣ ва бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ афзоиш ёфтааст. Дар давоми 5 моҳи соли 2017  зимни баргузории рейд 5 ҳазору 707  қойдавайронкуниҳои ҳаракати роҳ аз тарафи кормандони БДА-и вилоят ошкор карда шудаанд.

Дар ин давра 1374 воситаи нақлиёт  аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ  гузаронида шуда, ба 120 ронанда  иҷозатномаи махсуси истифодаи  шишаҳои сиёҳу хира дода шуд ва аз ин ҳисоб ба буҷа  304 ҳазору 30 сомонӣ ворид карда шуд.

Нисбат ба 5 ҳазору 707 ронандае, ки қоидаи ҳаракати роҳро вайрон карданд, ҷазои маъмурӣ тадбиқ гардида, аз онҳо ба андозаи 105 ҳазору 963 сомонӣ ҷаримапулӣ ситонда шуд.

Дар давоми панҷ моҳи соли равон 10 садамаи автомобилӣ рух дод, ки бар асари он  5 нафар ҳалок ва 8 нафар маҷрӯҳ гардидаанд.

Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии РВКД ҳангоми санҷиш бо ронандагони ҷавон ва ҳамчунин кӯдакони дучархасавор риояи қоидаи ҳаракати роҳ ва оқибатҳои нохуши сарпечӣ аз онро шарҳу тавзеҳ доданд.

Ба гуфтаи Хосият Гулзорхонова, дар таътили тобистона теъдоди кӯдакону наврасони дучархасавор дар роҳҳои автомобилгард зиёд мегардад ва аз ин рӯ ба кормандони БДА зарур меояд, ки барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш бо волидони ин кӯдакон низ мулоқот кунанд, то онҳо дар ин фасли сол ҳар як  қадами фарзандони худро зери назорат гиранд.

 

Июнь 17, 2017 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид