Дар 5 моҳ бар асари садама дар роҳҳои автомобилгарди ВМКБ 5 нафар ҳалок ва 8 нафар маҷрӯҳ шуданд
ХОРУҒ, 17.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳои роҳу нақлиёт, беҳтар ба роҳ мондани танзими ҳаракати нақлиёт, пешгирии ҳаргуна қонунвайронкунӣ нозирони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 italy-med.com июни соли равон рейди мавсум ба «Тартибот» ва «Дар роҳ бачаҳо»-ро роҳандозӣ карданд.
Нозири калони Бозрасии давлатии автомобилии РВКД Хосият Гулзорхонова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки чанд моҳи охир дар роҳҳои автомобилии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят мошинҳои сиёҳшишаи бе рақами давлатӣ, бо рақамҳои қалбакӣ ва бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ афзоиш ёфтааст. Дар давоми 5 моҳи соли 2017 зимни баргузории рейд 5 ҳазору 707 қойдавайронкуниҳои ҳаракати роҳ аз тарафи кормандони БДА-и вилоят ошкор карда шудаанд.
Дар ин давра 1374 воситаи нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаронида шуда, ба 120 ронанда иҷозатномаи махсуси истифодаи шишаҳои сиёҳу хира дода шуд ва аз ин ҳисоб ба буҷа 304 ҳазору 30 сомонӣ ворид карда шуд.
Нисбат ба 5 ҳазору 707 ронандае, ки қоидаи ҳаракати роҳро вайрон карданд, ҷазои маъмурӣ тадбиқ гардида, аз онҳо ба андозаи 105 ҳазору 963 сомонӣ ҷаримапулӣ ситонда шуд.
Дар давоми панҷ моҳи соли равон 10 садамаи автомобилӣ рух дод, ки бар асари он 5 нафар ҳалок ва 8 нафар маҷрӯҳ гардидаанд.
Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии РВКД ҳангоми санҷиш бо ронандагони ҷавон ва ҳамчунин кӯдакони дучархасавор риояи қоидаи ҳаракати роҳ ва оқибатҳои нохуши сарпечӣ аз онро шарҳу тавзеҳ доданд.
Ба гуфтаи Хосият Гулзорхонова, дар таътили тобистона теъдоди кӯдакону наврасони дучархасавор дар роҳҳои автомобилгард зиёд мегардад ва аз ин рӯ ба кормандони БДА зарур меояд, ки барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш бо волидони ин кӯдакон низ мулоқот кунанд, то онҳо дар ин фасли сол ҳар як қадами фарзандони худро зери назорат гиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






