Дар Ҳамадонӣ минтақаи маъмурии милитсия ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.06.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дар доираи сафари хизматии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Кӯлоб ва бахшида ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар ноҳияи Ҳамадонӣ Минтақаи маъмурии милитсия барои нозирони минтақавии шуъбаи ВКД дар ин ноҳия ифтитоҳ гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими кушодашавии Минтақаи маъмурии милитсия сардори қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб Абдусаттор Фатоҳзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳайати шахсӣ ва аҳли ҷамоат иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматии нозирони минтақавӣ ва боло бурдани нақши онҳо дар таъмини амнияти шаҳрвандон такони ҷиддӣ бахшид.
Ба иттилои манбаъ, бо дастгирии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва мақомоти корҳои дохилӣ ҳамасола садҳо бинову иншоот ва нуқтаҳои такягоҳи милитсия таъмиру таҷдид ва ба истифода дода мешаванд, ки ин барои боз ҳам самаранок фаъолият намудани кормандони милитсия дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






