Дар боғҳои фарҳангиву фароғатии Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои консертӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 19.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи барномаҳо бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзҳои истироҳат дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт, аз ҷумла муассисаҳои давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём», «Рӯдакӣ», Амфитеатр, боғҳои «Ирам», «Нишони миллӣ», «Парчами миллӣ» ва «Дӯстии халқҳо»-и шаҳр барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардида истодаанд.
Рӯзҳои шанбеву якшанбеи ҳафтаи гузашта дар боғҳои мазкур барномаҳои консертӣ бо иштироки ҳунармандони Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев, Ансамбли «Базморо» ва шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Варзоб, Шоҳмансур, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода, Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов баргузор гардиданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбута барои дар сатҳи баланд доир гардидани ин барномаҳои фарҳангӣ вазифадор шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват ба амал меорад, ки барои бофароғат гузаронидани рӯзҳои истироҳатӣ ба макони баргузории барномаҳои фарҳангӣ биёянд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамчунин бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Майдони «800-солагии Москва» аз 29 апрели соли равон, аз соати 18:30 то 20:00 барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ ҷараён дошта, то 24 июни соли 2017 идома меёбанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра Ансамбли давлатии «Сомон», Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола», Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ, дастаҳои ҳунарии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, Иттиҳодияи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва Ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои рангини консертӣ хотири ҳаводорони санъати мусиқиро шод мегардонанд.









Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






