Дар Боку байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи баргузории ҷаласаи 65-уми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ин санадҳо — Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва Протокол оид ба тартиби ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳангоми муқоисаи маълумоти омории гумрукии савдои дутарафа мебошанд.
Ба имзо расидани ду санад ба тақвияти ҳамкории мақомоти гумруки ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






