Дар Бонки миллӣ гардиши пули нақд ва тарзи дурусти пешниҳоди он баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон бо мутахассисони бахшҳои муомилоти пули нақд ва хазинаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ вохӯрӣ доир намуданд, ки дар он гардиши пули нақд ва тарзи дурусти пешниҳоди он, лоиҳаи Дастурамали №173 «Оид ба ташкили корҳои хазинавӣ дар БМТ, ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ хабар доданд.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова оид ба гардиши пули нақд ва назорати қатъии риояи талаботи он дар ташкилоти қарзӣ ҷиҳати устувории сиёсати пулию қарзӣ ибрози назар намуд.
Инчунин иштирокдорон гардиши ҳаҷми пули миллӣ оид ба сатҳи таъминнокии иқтисодиёти кишвар бо пули нақд ва масъалаҳои марбут ба гардиши пули нақдро муҳокима намуданд.
Ба масъалаи тавсеа бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, ки рушди иқтисодиёти миллӣ зарурати афзоиши самаранокии гардиши маблағҳо ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро дар ҳаҷми умумии муомилоти пулӣ талаб менамояд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Зикр шуд, ки дар ин самт на танҳо Бонки миллии Тоҷикистон, балки ташкилоти қарзиро низ зарур аст, ки фаъолиятро ҷоннок намуда, бо мақсади рушди низоми пардохт дар таҳия ва таъмини заминаи ҳуқуқии навовариҳо саҳмгузор бошанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






