Дар бозори «Ганҷ»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар моҳи рамазон нархҳои махсулоти мавриди ниёзи мардум ба танзим дароварда шудаанд
РӮДАКӢ, 05.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Раёсати иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар ноҳияи Рӯдакӣ байни фурӯшандаҳои мағозаҳо ва бозори марказии ноҳия оид ба тарғибу ташвиқи низоми бозордорӣ, риояи талабот нисбат ба либоси ягонаи махсус дар ҳамаи шаклҳои хизматрасонӣ, одоби муоширати фурӯшандаҳо, ҷобаҷогузории молу маҳсулот, нархгузорӣ ва бехатарию беҳдошт корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд.
Мудири бозори марказии «Ганҷ»-и ноҳияи Рӯдакӣ Изатулло Бозоров иброз намуд, ки нархҳои маҳсулоти хӯрокӣ дар моҳи рамазон ба танзим дароварда шуда, картошка аз 3 то 5 сомонӣ, пиёз аз 1,5 то 2 сомонӣ, помидор аз 4 то 7 сомонӣ, гӯшт аз 35 то 38 сомонӣ, орди навъи якум аз 140 то 155 сомонӣ ва навъи дуюм 135 сомониро ташкил медиҳад. Нархгузорӣ ва одоби муоширати фурӯшандаҳо ҳамеша зери назорати масъулин қарор дорад.
Инчунин духтурони санитарию байтории бозори мазкур барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату бехатар то имрӯз 3802 адад ташхис гузаронидаанд. Аз ин шумора 389 адад ташхиси гӯшт, 1027 адад ташхиси маҳсулоти ширӣ ва 2103 адад ташхиси меваю сабзавот мебошад.
Тибқи ташхисҳои гузаронидашуда 893 килограмм маҳсулоти меваю сабзавотӣ бекор дониста шуда, 98 килограмм маҳсулоти гӯштӣ бо бемории эхинококкоз аз муомилот гирифта шуд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






