Дар бозори «Ганҷ»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар моҳи рамазон нархҳои махсулоти мавриди ниёзи мардум ба танзим дароварда шудаанд

Июнь 5, 2017 11:24

РӮДАКӢ, 05.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Раёсати иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар ноҳияи Рӯдакӣ байни фурӯшандаҳои  мағозаҳо ва  бозори марказии ноҳия оид ба  тарғибу ташвиқи низоми бозордорӣ, риояи талабот нисбат ба либоси ягонаи махсус дар ҳамаи шаклҳои хизматрасонӣ, одоби муоширати фурӯшандаҳо, ҷобаҷогузории молу маҳсулот, нархгузорӣ ва бехатарию беҳдошт корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд.

Мудири бозори марказии «Ганҷ»-и ноҳияи Рӯдакӣ Изатулло Бозоров  иброз намуд, ки нархҳои маҳсулоти хӯрокӣ дар моҳи рамазон  ба танзим дароварда шуда, картошка аз 3 то 5 сомонӣ, пиёз аз 1,5 то 2 сомонӣ, помидор аз 4 то 7 сомонӣ, гӯшт аз 35 то 38 сомонӣ,  орди навъи якум аз 140 то 155 сомонӣ ва навъи дуюм 135 сомониро ташкил медиҳад. Нархгузорӣ ва одоби муоширати фурӯшандаҳо ҳамеша зери назорати масъулин қарор дорад.

Инчунин  духтурони санитарию байтории бозори мазкур барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату  бехатар то имрӯз  3802 адад ташхис гузаронидаанд. Аз ин шумора 389 адад ташхиси гӯшт, 1027 адад ташхиси маҳсулоти ширӣ ва 2103 адад ташхиси меваю сабзавот мебошад.

Тибқи ташхисҳои гузаронидашуда 893 килограмм маҳсулоти меваю сабзавотӣ бекор дониста шуда, 98 килограмм маҳсулоти гӯштӣ  бо бемории эхинококкоз аз муомилот гирифта шуд.

 

Июнь 5, 2017 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд