Дар Даштиҷум ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбанд

Июнь 3, 2017 11:02

ШАМСИДДИН  ШОҲИН, 03.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон баҳри сазовор пешвоз гирифтани 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ шумораи зиёди духтарон ба омӯзиш барои дӯзандагӣ фаро гирифта шуданд.

Чанд нафар духтарони деҳаи Даштиҷум дар назди дӯзандаи соҳибкасб Гулдаста Муқимова касби дӯзандагиро аз худ мекунанд. Дар ин деҳаи дурдаст соҳибкасб гардидани духтарон роҳи ояндаи онҳоро дурахшон менамояд, зеро онҳо метавонанд тавассути ин касб зиндагии хешро пеш баранд.

Тавре Гулдаста Муқимова зимни суҳбат иброз дошт, ӯ мекӯшад  ба шогирдонаш нозукиҳои ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ ва сӯзанидӯзиро омўзонад. Ба гуфтаи ӯ, дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рафтуомади сайёҳон талаботро ба ҳунари миллии тоҷикон афзоиш додааст.

Бояд гуфт, ки айни замон Гулдаста Муқимова ва шогирдонаш барои сазовор истиқбол гирифтани 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ омодагии ҳамаҷониба мегиранд. Ин ҳунармандон мақсад доранд маҳсули ҳунару эҷоди хешро дар намоишгоҳҳои ноҳия ва берун аз он пешниҳоди сокинону меҳмонони кишвар гардонанд.

 

 

Июнь 3, 2017 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад