Дар Даштиҷум ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбанд
ШАМСИДДИН ШОҲИН, 03.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон баҳри сазовор пешвоз гирифтани 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ шумораи зиёди духтарон ба омӯзиш барои дӯзандагӣ фаро гирифта шуданд.
Чанд нафар духтарони деҳаи Даштиҷум дар назди дӯзандаи соҳибкасб Гулдаста Муқимова касби дӯзандагиро аз худ мекунанд. Дар ин деҳаи дурдаст соҳибкасб гардидани духтарон роҳи ояндаи онҳоро дурахшон менамояд, зеро онҳо метавонанд тавассути ин касб зиндагии хешро пеш баранд.
Тавре Гулдаста Муқимова зимни суҳбат иброз дошт, ӯ мекӯшад ба шогирдонаш нозукиҳои ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ ва сӯзанидӯзиро омўзонад. Ба гуфтаи ӯ, дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рафтуомади сайёҳон талаботро ба ҳунари миллии тоҷикон афзоиш додааст.
Бояд гуфт, ки айни замон Гулдаста Муқимова ва шогирдонаш барои сазовор истиқбол гирифтани 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ омодагии ҳамаҷониба мегиранд. Ин ҳунармандон мақсад доранд маҳсули ҳунару эҷоди хешро дар намоишгоҳҳои ноҳия ва берун аз он пешниҳоди сокинону меҳмонони кишвар гардонанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






