Дар Душанбе омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Конференсияи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Юнусӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чари Атаевро 28 июн ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо мавзӯи омодагӣ ба ҷаласаи 7-уми Конференсияи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA)-ро, ки баргузории он 14-15 ноябри соли 2017 дар шаҳри Ашқобод дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина роҷеъ ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






