Дар Душанбе ҳарорати ҳаво ба 36 дараҷа гармӣ мерасад
ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 27-32 дараҷа ва дар шарқи он 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳарорат дар водиҳо 36-41 дараҷа ва дар вилояти Суғд 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз 32 то 37 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 34 — 36 дараҷа гарм мешавад.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






