Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон барномаи идонаи «Мо ғунчаҳои баҳори Ваҳдатем» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии фарҳангиву фароғатии «Аҳорун» барномаи идонаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Мо ғунчаҳои баҳори Ваҳдатем» баргузор гардид.
Барномаи идона бо баргузории озмунҳои гуногун, аз қабили расмкашӣ дар рӯи асфалт, шоҳмотбозӣ, намоиши китобҳои бачагона ва пешниҳоди маҳсули дасти хонандагони ихтироъкору навовари пойтахт оғоз гардид.
Дар қисмати фароғатии барномаи идона муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокдорони ҷамъомад расонид.
М. Муинӣ зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакони пойтахт, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода мебарад.
Бо ин мақсад соли равон дар назди биноҳои истиқоматии маҳаллаҳои пойтахт бунёди 78 майдончаи варзишию фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар аксари онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ин майдончаҳо баҳри ба варзиш фаро гирифтани кӯдакону наврасон ва таъмини истироҳати бофароғати онҳо шароит фароҳам меоранд.
Дар пойтахт ҳамчунин ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия бунёди чандин муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва томактабии мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар назар дошта шудааст.
Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки бо истифода аз чунин шароит хонандагони шаҳри Душанбе бо донишу малака ва истеъдоди баланд барои дигарон намунаи ибрат буда, бо дастовардҳои худ шарафу эътибори пойтахтро баланд мебардоранд.
Сипас ҳаваскорони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» бо барномаи ҷолибу рангин ба барномаи идона шукӯҳи тоза бахшиданд.
Аз ҷумла, суруду таронаҳои «Зебо Ватане дорем», «Сарзамини ман», «Душанбе», «Тоҷикистон», «Ватан», «Парчам», рақсҳои «Гулдухтарони тоҷик», «Кӯлобӣ», «Ханда», навозишҳои «Шодиёна»-и гурӯҳи таълимии «Асбобҳои зарбӣ», навозиш бо кларнету доира, балети «Хушдомани зирак» писанди иштирокдорони ҳамоиш гардиданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, давоми рӯз таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт идома меёбад.
Бегоҳи имрӯз, соати 18-00 дар Мактаб- интернати №1-и шаҳри Душанбе барномаи идона баргузор мегардад, ки ба хонандагони мактаби мазкур аз номи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ туҳфаҳо тақдим мегарданд.
Рухсораи НУР

















Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст






