Дар Душанбе бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳамоиш доир гардид

Июнь 7, 2017 08:35

ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ«Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 7 ва 10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар саҳни бинои Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ бо иштироки нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии таъсиси ин марказ ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба ин хотир саҳни марказ идона оро дода шуда, нафақахӯрон бо табъи болида дар он ҳузур доштанд.

Дар ҷамъомад ҷавонон дар васфи Модар-Ватан, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ шеърҳо қироат намуданд. Сипас, дастаи ҳаваскорони Академияи ВКД барои бошандагони марказ консерти идона намоиш доданд.

 

Июнь 7, 2017 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд