Дар Душанбе маҷаллаи «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016» муаррифӣ гардид

Июнь 30, 2017 11:11

ДУШАНБЕ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар Душанбе муаррифии маҷаллаи «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016» баргузор гардид.

Директори Агентӣ Шерхон Салимзода ба кишварҳои маблағгузор барои ҳамкорӣ миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки маҷаллаи «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016» моҳи марти соли ҷорӣ дар чорчӯбаи кори иҷлосияи навбатии Комиссия оид ба воситаҳои нашъадор дар шаҳри Вена ба иштирокчиён тақсим карда шуд.

Дар маросими муаррифии маҷалла диққати асосӣ ба мавзӯъҳои тамоюлҳои асосии инкишофи вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъадор дар Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиёти муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа, ҳамкории байналмилалӣ, амалисозии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуданд.

Таъкид гардид, ки таҳлили ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон дар соли 2016 гузаронида шуда, вазифаҳои асосӣ барои соли 2017 дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Тоҷикистон муайян гардиданд.

Дар рафти муаррифии маҷалла намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Ашитта Миттал баромад намуда, масъалаи таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои зиддимухаддиротии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон ва татбиқи онро хуб арзёбӣ намуд.

Июнь 30, 2017 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад