Дар Душанбе нишасти Гурӯҳи муштараки назоратӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 16 июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии Гурӯҳи муштараки назоратӣ бо иштироки ҳайатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Россия ва Тоҷикистон доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти нишаст масъалаҳои мухталифи марбут ба амалисозии созишномаҳои «Шанхай» ва «Москва» муҳокима гардиданд.
Дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи мазкур, ҳайатҳо ҳамчунин худи ҳамин рӯз дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ ба муносибати 20-солагии баимзорасии Созишномаи Москва оид ба коҳишдиҳии мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад ширкат варзиданд.
Нишасти навбатӣ тибқи мувофиқаи ҷонибҳо дар Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор мегардад.









КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






