Дар Фархор оид ба тозагии соҳил ҳашари дастаҷамъона доир карда шуд
ФАРХОР, 08.06.2017. /АМИТ«Ховар»/. Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри тоза намудани ҷӯю соҳили дарёчаҳо ва беҳтар намудани вазъи экологии ноҳия рӯзҳои истироҳатӣ пайваста оид ба тоза кардани соҳилҳо ҳашарҳо доир мекунанд, ки дар онҳо доираи васеи сокинон иштирок менамоянд. Дар ҳашари навбатӣ сокинони маркази ноҳия ва корхонаю ташкилотҳо дастаҷамъона ширкат варзида, соҳили каналу заҳбур ва ҷӯйҳоро тоза намуданд.
Тавре сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Аҳлиддин Ҳаитов иттилоъ дод, «пешниҳоди Сарвари давлат оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ва қабули он шаҳрвандонро рӯҳбаланд гардонид. Сокинони ноҳияи мо кӯшиш доранд, ки соҳили каналу дарёҳоро тозаю озода нигоҳ доранд ва истифодаи самараноки онро ба роҳ монанд».
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор дар ин рӯз беш аз 50 мукааб партов ҷамъоварӣ ва кашонида шуд, ки дар ин кор техникаҳои боркашӣ ҷалб карда шуданд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд






