Дар Гвардияи миллӣ «Командири ротаи беҳтарин»-ро интихоб карданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон миёни ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ озмунҳои «Сержанти беҳтарин», «Командири взводи беҳтарин» ва «Командири ротаи беҳтарин» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, озмунҳои мазкур бо мақсади таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон- хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин муайян кардани сатҳи донишу малакаи ҳарбӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии аскарону афсарон гузаронида шуданд.
Озмунҳо ду давраро дарбар гирифта, марҳилаи аввал дар байни ҳайати шахсии ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ дар мавқеи ҷойгирифта баргузор гардид. Сержантон, командирони взводҳо ва командирони ротаҳо, ки ғолиб ва аз ҷумлаи беҳтаринҳо интихоб гардиданд, дар ҳайати даста ба даври дуюми озмун роҳхат гирифта, бо омодагии ҳамаҷониба ширкат варзиданд.
Муайян намудани сатҳи дониш аз фанҳои тайёрии ҳарбӣ, сиёсӣ, тиббӣ, донистани вазифаҳои хизматӣ, қобилияти варзишӣ, иҷрои меъёрҳои гуногуни ҳарбӣ, истифода намудани яроқҳои оташфишон, инчунин муаяйн намудани маҳорату қобилияти иштирокчиён ҳамчун командир аз ҳадафҳои асосии озмун интихоб гардида буд.
Дар ҷамъбасти озмун аз понздаҳ даста 5 дастаи беҳтарин муайян гардид. Қисми ҳарбии 051056 ғолиби озмун дониста шуд. Ғолибон ва беҳтаринҳо аз номи Фармондеҳи Гвардияи миллӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






