Дар Маркази исломии Тоҷикистон бо иштироки раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон намози иди Фитр баргузор гардид

Июнь 26, 2017 08:51

ДУШАНБЕ, 26.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Маркази исломии Тоҷикистон бо ҳузури сокинони Душанбе ва меҳмонони пойтахт намози иди Рамазон баргузор гардид. Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати анҷом ёфтани моҳи рӯзадорӣ ва фаро расидани иди Рамазон табрик намуда, баҳри иҷро кардани ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳангоми оростани дастархони идона даъват намуд. Мавриди зикр аст Пешвои миллат супориш дода буданд, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон дастархони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, сарфаю сариштакор ва бо сабру таҳаммул бошанд ва ба ҷойи дастархони серхарҷ хони маънавӣ ороянд».

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷамъомадагонро бо иди Рамазон ва 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар Паёми табрикии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр омадааст: «Бо изҳори итминон ба ояндаи неки кишвари соҳибистиқлоламон бори дигар тамоми мардуми мусулмони Тоҷикистонро бо фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар бахту иқболи нек, хушҳоливу хушбахтӣ, рӯзгори осудаву пурсаодат ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ орзу менамоям».

Ҳамин тавр, имрӯз дар ҳама масҷидҳои мамлакат намози иди Рамазон баргузор гардид ва сокинон иди саиди Фитрро таҷлил карданд.

Июнь 26, 2017 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид