Дар Мурғоб бинои дуошёнаи Маркази адлия ба истифода дода шуд
ХОРУҒ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо кумаку дастгирии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб бинои дуошёнаи Маркази адлия ба истифода дода шуд. Эъмори ин бинои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири коммуникатсиониро ҶСП «Суғд СХ» бар дӯш дошт ва мутобиқи нақша онро сари вақт ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Маблағи умумии ин сохтмон 1 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил дод.
Сардори Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зиёратшо Пиров гуфт, ки дар ин бино ҳамчунин кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо толори барҳавои ақди никоҳ, идораи нотариалӣ ва иҷрочии суд фаъолият мекунанд. Қаблан ин муассисаҳо дар биноҳои гуногун ҷо гирифта буданд ва сокинони ноҳия барои таҳияи асноди худ вақти зиёдро масраф мекарданд.
Дар рӯзи ифтитоҳи Марказ Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ширкат дошт ва дар фазои тантавӣ ба ду ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Ҳунармандони маҳаллӣ дар долони бино маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






