Дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 5 километр роҳ мавриди истифода қарор гирифт

Июнь 23, 2017 11:43

 РӮДАКӢ, 23.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 5 километр роҳҳои кӯчаҳои  марказии ноҳия, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Роҳҳои  кӯчаҳои маркази ноҳияи Рӯдакӣ, ки имрӯз ба таъмир ниёз доранд, аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Рӯдакӣ давра ба давра таъмиру навсозӣ мегардад, ки мисоли ин гуфтаҳо имсол  дар масофаи 5 километр  асфалтпӯш  гардид.
Инчунин барои кабудизор намудани маркази ноҳия ва бо гулҳои рангоранг оро додани он аз  ҷониби кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия ва дигар ҳашарчиён беш аз 600 адад дарахтони ҳамешасабз ва  зиёда аз 860 ҳазор бех гулҳои доимию мавсимӣ шинонида шудааст, ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам менамояд.

 

Июнь 23, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид