Дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 5 километр роҳ мавриди истифода қарор гирифт
РӮДАКӢ, 23.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 5 километр роҳҳои кӯчаҳои марказии ноҳия, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Роҳҳои кӯчаҳои маркази ноҳияи Рӯдакӣ, ки имрӯз ба таъмир ниёз доранд, аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Рӯдакӣ давра ба давра таъмиру навсозӣ мегардад, ки мисоли ин гуфтаҳо имсол дар масофаи 5 километр асфалтпӯш гардид.
Инчунин барои кабудизор намудани маркази ноҳия ва бо гулҳои рангоранг оро додани он аз ҷониби кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия ва дигар ҳашарчиён беш аз 600 адад дарахтони ҳамешасабз ва зиёда аз 860 ҳазор бех гулҳои доимию мавсимӣ шинонида шудааст, ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам менамояд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






