Дар ноҳияи Ванҷ беш аз 60 гектар ҷангалзор барқарор ва 18 гектар боғи нав бунёд гардид
ХОРУҒ, 03.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Боришоти баҳори имсола кори боғпарварони ноҳияи Ванҷро каме ба таъхир андохт, аммо онҳо тавонистанд, нақшаи қаблан таҳиякардаашон дар бобати бунёди боғҳои нав ва барқароркунии боғҳои куҳна ба иҷро расонанд. Дар ин бора хабарннигори АМИТ “Ховар” дар ВМКБ иттилоъ медиҳад.
Мутобиқи нақша имсол дар ноҳия дар 18 гектар боғи нав бунёд шуда, зиёда аз 60 гектар ҷангалзор бо шинондани дарахтони сафедору бед аз нав барқарор гардид.
Ба иттилои масъулини бахши ҳифзи муҳити зисти ин ноҳия, соли равон дар маҷмӯъ 92 ҳазор бех дарахтони мевадору сояафкан шинонда шуданд. Сардори бахши мазкур Мухтор Орипов гуфт, ки танҳо дар ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдулло сеюним гектар боғи нав бунёд ёфт, ки нисфи масоҳати он дар кӯҳдоман ҷойгир аст. Аслан ин замин нокорам ва пур аз сангу рег буд ва бар замми ин об ҳам надошт.Бо кумаки сокинони деҳа дар масофаи сеюним километр ба воситаи қубур ба ин ҷо об оварда шуд ва дар даҳаи аввали моҳи май дарахтони мевадор шинонда шуданд.
Мақсади бунёди боғ дар сари роҳҳои мошингард ва кӯҳдоманҳо- ин на танҳо сабзу хуррам гардонидани диёр, балки ҳифзи замин аз шусташавию коҳиши хатари эҳтимолии селу тарма мебошад . Аз як сӯ табиат зебо мегардад ва аз сӯи дигар ба манзилу қитъаи замини сокинони деҳа зиёни камтар мерасад.
Ба гуфтаи сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, шинондани дарахт нисбат ба ҳифзу нигоҳубини он душвортар аст. Аз ин рӯ боғдорон ҳоло тамоми саъю талоши худро ба он равона месозанд, ки ҳадди ақал сабзиши 80 фоизи ин дарахтонро таъмин намоянд.
Дар ноҳия ба бунёди ҷангалҳои нав ва барқарорсозии ҷангалҳои аз байнрафта аҳамияти махсус медиҳанд. Соли гузашта дар масоҳати 40 гектар ҷангалзори нав бунёд шуд ва имсол ин рақам ба 60 гектар расонда шуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






