Дар Пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳо мулоқот бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Душанбе мулоқоти кормандони Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳо хабар доданд, Ёрмаҳмад Ниёзӣ, директори Пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳо, ҳайати кормандону ходимони Пажӯҳишгоҳ ва Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот оид ба ҳамкории судманд миёни олимону пажӯҳишгарони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои гуногуни илму пажӯҳиш мубодилаи афкор намуданд.
Зикр карда шуд, ки Пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳо омодааст бо олимону пажӯҳишгарони Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ намояд ва барои омӯзиши масъалаҳои гуногун лоиҳаҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ кунад.
Зимни мулоқот байни кормандони Пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳо ва Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вобаста ба вазъияти сиёсии минтақаи Осиё саволу ҷавоб сурат гирифт.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






