Дар Рашт ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ суди сайёр баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Навдии ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт бо ташаббуси кормандони бахши Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт суди сайёр оид ба масъалаи вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби ноболиғон — сокинони деҳаҳои Ҳалқарф ва Кочон гузаронида шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи баргузории суди сайёр аз ҷониби суди ноҳияи Рашт 7 падару модар ва 1 нафар омӯзгор, ки дар тарбияи насли наврас фориғболӣ зоҳир намудаанд, ҳар як нафар ба маблағи 150 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар раванди суди сайёр раиси Суди ноҳияи Рашт Хуршед Розиқзода ва сардори шуъбаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт майори милитсия Хусрав Додарбеков оид ба ин масъала сухан гуфта, хонандагонро ба омӯхтани илму дониш ва дур будан аз кирдору амалҳои хилофи қонун ҳидоят намуданд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






