Дар Рашт ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ суди сайёр баргузор шуд

Июнь 6, 2017 16:32

ДУШАНБЕ, 06.06.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дар деҳаи Навдии ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт бо ташаббуси кормандони бахши Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт суди сайёр оид ба масъалаи вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби ноболиғон — сокинони деҳаҳои Ҳалқарф ва Кочон гузаронида шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи баргузории суди сайёр аз ҷониби суди ноҳияи Рашт 7 падару модар ва 1 нафар омӯзгор, ки дар тарбияи насли наврас фориғболӣ зоҳир намудаанд, ҳар як нафар ба маблағи 150 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар раванди суди сайёр раиси Суди ноҳияи Рашт Хуршед Розиқзода ва сардори шуъбаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт майори милитсия Хусрав Додарбеков оид ба ин масъала сухан гуфта, хонандагонро ба омӯхтани илму дониш ва дур будан аз кирдору амалҳои хилофи қонун ҳидоят намуданд.

Июнь 6, 2017 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд