Дар сарҳади давлатӣ 8 нафар ашхоси дар кофтуковбуда дастгир гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматии ҷангӣ дар моҳи майи соли 2017 баргузор гардид, ки дар он Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва шахсони масъул иштирок карданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, дар ҷаласа зикр гардид, ки моҳи сипаришуда аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ 30 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва вайронкунандагони низоми сарҳадӣ боздошт гардида, 19 маротиба кӯшиши вайрон кардани сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуд.
Дар ин муддат аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо КДАМ аз қочоқчиён ба миқдори 128 кг 730 гр маводи мухаддир, аз ҷумла 5 кг 430 гр героин, 66 кг 300 гр афюн, 57 кг бангдона, чарс дарёфт ва мусодира карда шуд.
Дар ин давра дар натиҷаи амалиёт 2 адад яроқи оташфишон ва 40 дона тир, 2 адад лавозимоти дигари ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Аз ҷониби мақомоти назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ 8 нафар ашхоси дар кофтуковбуда боздошт шуда, ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.
Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба роҳбарони Қӯшунҳои сарҳадии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва дигар шахсони масъул оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкам гардонидани сарҳади давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






