Дар Суғд 98,5 дарсади кўдакон эм карда шуданд

Июнь 3, 2017 10:11

ДУШАНБЕ, 03.05.2017. /АМИТ«Ховар»/.  Дар Рўзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон, ки аз 15 то 26 май гузаронда шуд, дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 511 ҳазору 435 нафар кўдакони аз 1 то 9 — сола эм карда шуданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидан ва таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Рўзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамаи шароит фароҳам оварда шуд. Дар вилоят аз ҳисоби табибон, ваксинаторон ва бақайдгирандагон 416 бригадаи эмкунанда фаъолият дошта, рўихати эмгирандагон иборат аз 519 ҳазору 325 нафар мураттаб гардид.   Тақсимоти маводи эмгузаронӣ, аз ҷумла, ваксина, сўзандору ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳои зарурӣ, фармоиш, нақшаи чорабинӣ, дастурамалҳо ба шаҳру навоҳии вилоят то оғози чорабинӣ  анҷом дода шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 2 ҳафтаи иловагӣ барои давом додани «Рўзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ» муайян карда шуд. Кўдаконе, ки аз сабаби беморӣ ё дигар омилҳо эм нашудаанд, дар ин муддат эм  карда мешаванд.

 

Июнь 3, 2017 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид