Дар Суғд дар давраи таътили тобистона 20 лагери беруназшаҳрӣ фаъол гардонида мешавад

Июнь 5, 2017 16:22

ХУҶАНД, 05.06.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Шурӯъ аз 12 июни соли равон истироҳатгоҳҳои тобистонаи вилояти Суғд дари худро ба рӯйи кӯдакону наврасон боз мекунанд. Бо мақсади фаро гирифтани мактабиён бо фароғати фаъол дар асоси Қарори раиси вилояти Суғд дар вилоят ситоди махсуси «Тобистон — 2017» таъсис ёфтааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, ба ситод роҳбарону масъулони ниҳодҳои масъули бахши истироҳати   кӯдакону наврасон дар давраи таътил дохил карда шудаанд. Тибқи дастури раиси вилоят дар чаласаи дирӯза, ки бо иштироки муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ доир гардид, масъулин вазифадор карда шуданд, ки то  5 июн ҳамаи корҳои сохтмонӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии бино, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои оббозӣ ва сабзкориро дар лагерҳои варзишию солимгардонии беруназшаҳрӣ ба анҷом расонанд. Дар ин замина ҳамчунин ташкили самараноки истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасонро дар лагеру фароғатгоҳҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда таъмин намоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар давраи тобистони соли равон ба чорабиниҳои солимгардонӣ дар 20 лагери беруназшаҳрӣ, 544 лагери наздимактабӣ, 145 лагери истироҳатию меҳнатӣ, 200 лагери солимгардонӣ ва машғулиятҳои меҳнатӣ, 16 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ фарогирии зиёда аз 72 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба нақша гирифта шудааст. Беш аз 1200 нафари онҳо кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат буда, ройгон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд.

 

  

Июнь 5, 2017 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст