Дар Суғд дар давраи таътили тобистона 20 лагери беруназшаҳрӣ фаъол гардонида мешавад
ХУҶАНД, 05.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 12 июни соли равон истироҳатгоҳҳои тобистонаи вилояти Суғд дари худро ба рӯйи кӯдакону наврасон боз мекунанд. Бо мақсади фаро гирифтани мактабиён бо фароғати фаъол дар асоси Қарори раиси вилояти Суғд дар вилоят ситоди махсуси «Тобистон — 2017» таъсис ёфтааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, ба ситод роҳбарону масъулони ниҳодҳои масъули бахши истироҳати кӯдакону наврасон дар давраи таътил дохил карда шудаанд. Тибқи дастури раиси вилоят дар чаласаи дирӯза, ки бо иштироки муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ доир гардид, масъулин вазифадор карда шуданд, ки то 5 июн ҳамаи корҳои сохтмонӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии бино, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои оббозӣ ва сабзкориро дар лагерҳои варзишию солимгардонии беруназшаҳрӣ ба анҷом расонанд. Дар ин замина ҳамчунин ташкили самараноки истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасонро дар лагеру фароғатгоҳҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда таъмин намоянд.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи тобистони соли равон ба чорабиниҳои солимгардонӣ дар 20 лагери беруназшаҳрӣ, 544 лагери наздимактабӣ, 145 лагери истироҳатию меҳнатӣ, 200 лагери солимгардонӣ ва машғулиятҳои меҳнатӣ, 16 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ фарогирии зиёда аз 72 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба нақша гирифта шудааст. Беш аз 1200 нафари онҳо кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат буда, ройгон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






