Дар Тоҷикистон истихроҷи ангишт афзудааст
ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши истихроҷи ангишт дар кишвар иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки то 28 июни соли равон дар ҷумҳурӣ 500 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81,5 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар айни замон дар анборҳои корхонаҳои соҳа беш аз 125,5 ҳазор тонна ангишт мавҷуд мебошад. Муштариён имкон доранд, ки ангиштро аз нуқтаҳои фурӯш ва анбори корхонаҳои ватанӣ харидорӣ намоянд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






