Дар Турсунзода силоҳи оташфишон дарёфт гардид

Июнь 8, 2017 16:33

ДУШАНБЕ, 08.06.2017. /АМИТ «Ховар»/.  22  майи соли равон  аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода як адад силоҳи оташфишон мусодира карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо хабари шахси номаълум, ки ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода тамос гирифтааст, аз назди канори роҳ, воқеъ дар суроғаи деҳаи Коммунаи шаҳри Турсунзода, дар назди шоҳроҳи Турсунзода — Душанбе як адад силоҳи оташфишон- таппончаи бе рақам ва бе соли барориш дарёфт ва мусодира гардид.

Силоҳи дарёфтшуда барои гузаронидани ташхиси криминалистӣ ба шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД — и ВКД — и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода равон карда шуд.

Дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

 

 

Июнь 8, 2017 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд