Дар Турсунзода силоҳи оташфишон дарёфт гардид
ДУШАНБЕ, 08.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. 22 майи соли равон аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода як адад силоҳи оташфишон мусодира карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо хабари шахси номаълум, ки ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода тамос гирифтааст, аз назди канори роҳ, воқеъ дар суроғаи деҳаи Коммунаи шаҳри Турсунзода, дар назди шоҳроҳи Турсунзода — Душанбе як адад силоҳи оташфишон- таппончаи бе рақам ва бе соли барориш дарёфт ва мусодира гардид.
Силоҳи дарёфтшуда барои гузаронидани ташхиси криминалистӣ ба шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД — и ВКД — и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода равон карда шуд.
Дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






