Дар вилояти Суғд барои таъмири беморхонаҳо 5 миллион сомонӣ ҷудо гардид

Июнь 7, 2017 14:11

ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар соли 2017 барои таъмири иншооти тандурустии вилояти Суғд  зиёда аз 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.  Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур асосан баҳри таъмири   Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов, ҳамчунин барқарор кардани шабакаҳои гармидиҳии мутамарказонидаи Маркази бемориҳои дил, Маркази клиникии эндокринологӣ ва таваллудхонаи вилоятӣ равона карда шудааст.

Ҳамчунин бо иқдоми раисони шаҳру навоҳии вилоят як қатор амалҳои созанда дар самти бунёди гармидиҳии муассисаҳои тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.   Бояд гуфт, ки аз оғози соли равон то ин муддат барои корҳои таъмиру тармимӣ дар иншооти тиббӣ беш аз 5 миллион сомонӣ масраф гардид.

Имсол дар соҳаи тандурустии вилоят ба истифода додани 2 иншоот дар назар аст. Инҳо шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич ва шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом мебошанд. Маблағгузории ин иншоот пурра аз буҷети вилоят сурат гирифта, таҷҳизоту лавозимоти муосир аз давлатҳои мутараққӣ харидорӣ мегарданд.

Инчунин бо дастгирии Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»  дар се ноҳияи таҷрибавии вилоят- Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Мастчоҳ сохтмони якчанд маркази саломатӣ оғоз гардидааст.

Июнь 7, 2017 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад