Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар мусобиқаи маҳорати варзишӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд

Июнь 3, 2017 10:42

ВАҲДАТ, 03.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муҳаммад Файзиев ва Нозим Одинаев- донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди  турниккашӣ ва ҷаҳидан ба дарозӣ  сазовори  ҷойи дуюм гардиданд.

Дар ин бора Раҳматулло Давлатов, муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои берунии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Мусобиқа бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи  Ваҳдати миллӣ баргузор шуд, ки ҳадафи он аз тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, бахусус донишҷӯён иборат буд.

Масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни ғолибро бо медал ва дипломҳо қадрдонӣ намуданд.

 

 

 

Июнь 3, 2017 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа