Ду майдончаи варзишӣ-армуғони идонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба сокинони пойтахт
ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/ Дар арафаи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе дар робита ба иқдоми пешгирифтаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бобати вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт ду майдончаи варзиширо ҳамчун армуғони идона ба Ҷашни Ваҳдат ба сокинони пойтахти кишвар сохта тақдим намуд.
Майдончаҳои варзишӣ яке дар кӯчаи Аҳмади Дониш бо масоҳати 1090 метри мураббаъ ва дигаре дар кӯчаи Ҳисор, маҳаллаи 103 бо масоҳати 2800 метри мураббаъ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии «Тоҷикроҳсоз» ва «Сомонаморат» бунёд карда шудаанд. Майдончаҳои варзиширо имрӯз муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва муовини директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Меликов дар маросии ботантана ба истифода доданд.
Назар ба иттилои котиби матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова, роҳбарияти фурудгоҳ тасмим дорад, ки боз чунин як адад майдончаи варзиширо дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Ҳисор, маҳаллаи 112 дар масоҳати 1620 метри мураббаъ сохта ба истифода диҳад.
Мавсуф зикр кард, ки алҳол корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди майдончаи варзишӣ оғоз гардидааст.













Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






