ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД БАРОДАРШАҲР МЕШАВАНД. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Розуқулов мулоқот намуд

Июнь 21, 2017 18:33

ДУШАНБЕ, 21.06.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ин кишвар Улуғбек Розуқулов мулоқот намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҳаки асосии музокиротро масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни шаҳри Душанбе ва субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил дод.

Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб дорои понтесиали васеъи ҳамкорӣ ва имконияти фаровони ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, техникаи коммуналӣ ва  кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои маишӣ ва ғайра  мебошанд.

Ҷонибҳо ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ, ба роҳ мондани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни  Душанбеву Тошканд, таъсиси «Хонаи савдо» — и Душанбе дар шаҳри Тошканд ва  «Хонаи савдо»-и Тошканд дар Душанбе мароқ зоҳир намуданд.

Дар рафти мулоқот ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дахл карда шуд.

Вохӯрӣ ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Июнь 21, 2017 18:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад