Экологҳои тоҷик аз Ашқобод баргаштанд

Июнь 12, 2017 09:34

ДУШАНБЕ, 12.06.2017/АМИТ «Ховар»/.Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иборат аз мутахассисону намояндагони вазорату идораҳои кишвар аз пойтахти Туркманистон шаҳри  Ашқобод баргаштанд. Онҳо дар Форуми байналмилалии  экологии  Осиёи Марказӣ, ки бо ибтикори Кумитаи давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зисти Туркманистон ва Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ рӯзҳои 5-7 июн  баргузор гардид, иштирок намуданд.

Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар Форум беш аз 200 нафар намояндагони созмону идораҳои давлатӣ, илмӣ ва ҷамъиятии панҷ кишвари минтақа, инчунин коршиносони созмонҳои байналмилалӣ аз  Шататҳои Муттаҳидаи Америка, Чехия, Швейтсария, Япония, Германия, Франсия, Италия бо мақсади равона кардани кӯшишҳои  муштарак ва ташаккули назари ягона барои расидан ба рушди устувор ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист иштирок намуданд.

Дар Форум ҳайати Тоҷикистон фаъолона ширкат кард.  Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонзода зимни  суханронияш аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ёдовар шуд. Мавсуф иброз дошт, ки муносибати шариконаи Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва  созмонҳои байналмилалӣ, бахусус бо институтҳо ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, назири Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ, ЮНЕП, СПЕКА, ЭСКАТО на танҳо таҳкимёбии ҳамкориро таъмин мекунад, балки барои рушди сифатан нав заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар бахши «Ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои об дар Осиёи Марказӣ» сардори департаменти сиёсати вобаста ба масъалаҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гул Шарипов  дар мавзӯи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, дар бахши «Тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии кишвар Ҷамила Байдуллоева дар мавзӯи Сиёсати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим» маърӯза намуданд. Ҳамчунин сармуҳаррири нашрияи «Инсон ва табиат» Ҷамолиддин Яқубов  ва сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди  Ҳукумати   Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоева  дар мавзӯи «Нақши ВАО дар раванди ҳамгироӣ оид ба ҳалли  масъалаҳои ҳифзи муҳити зист» сухан карданд.

Дар маросими пӯшидашавии Форум муовини раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Борий Алихонов  иброз дошт, ки Тошканд ҷиҳати баргузории Форуми навбатии байналмилалии Осиёи Марказӣ дар  соли 2018  омодагӣ хоҳад  гирифт.

Июнь 12, 2017 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд