Эътирофи Гутерриш эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон тақвият бахшид

Июнь 16, 2017 15:07

ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ Ховар/. «Аз дидани асароти тағйири иқлим ба шок афтодам – 30 фоизи пиряхҳои Тоҷикистон об шуданд. Ин ҷо дигар фурсати таъхир барои иқдом дар масъалаи иқлим боқӣ намондааст». («Shocked to see effects of climate change — 30% of Tajikistan’s spectacular glaciers melted. There’s no time to lose to take climate action.»)

Ин нигоштаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар саҳифааш дар шабакаи Твиттер, бо нашри се акс дар канори кўли Сарез  шояд барои баъзе нафарони «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» омили маъмул арзёбӣ шавад.  Чун ин суханонро жарфтар мавриди таҳлил қарор диҳем, паҳлуҳои дигари масъала падид меояд. Биноан, зарур ва бамаврид медонам, ки бобати муҳимияти андешаҳои дар ҷараёни сафари мавриди назар  аз ҷониби Дабири кулли СММ ироагардида ва моҳияти ин боздид андешаҳоямро дар такя ба далелу арқоми иброз намоям.

Ба ҳайси журналисте, ки оид ба масоили обу энергетика  зиёд матлаб иншо намудаву  бо назокат ва мушкилоти ин соҳаҳо то андозае шиносам, гуфта метавонам, ки  андешаи аз Твиттер иқтибосшуда ва суханоне амсоли он, аз ҷумла:  «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст», «Далели он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»- ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти олии кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хоса зоҳир менамоянд», «Худованд ба кишвари дилписанди шумо сарбандҳои табиӣ ато кардааст, ин шаҳодати ҳикматест, ки шумо мардуми назаркарда мебошед», «Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадршиносӣ медонад», «Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин шеваву усули истифода сабақ биомӯзанд, ба он пайрав ва пуштибон бошанд»  эътирофи воқеияти имрўза ва  муҳимияти ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби нафари калидии ҷаҳони имрўза аст.  Гутерриш бобати обшавии пиряхҳо дар кишвари мо  воқеиятро гуфт ва ин омил барои фаъолияти густурда дар ин самт ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари ташкилоту созмонҳои байналмилалии зиддахл омили таҳрикбахш хоҳад буд.

Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди оби тоза — 974 дарё, 14509 адад пирях, 1300 кӯл, 187км3 обҳои зеризаминӣ мебошад. Муҳимияти масъалаи мавриди назарро Роҳбари хирадсолори мо хеле барвақт дарк карда, дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд,  ки дар 50 сол захираи пиряхҳои Помир ду маротиба кам гаштаанд. Сабаби он баланд шудани консентрати атмосфера аст.

DSC_0639

Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истифодаи кўли Сарез барои таъмини доимии аҳолии минтақа ва дар навбати аввал ҳамсояи наздиктарини мо — Ўзбекистон бо оби тозатарини нўшокӣ ташаббус зоҳир карда буданд. Хеле рамзӣ ва боиси ифтихор аст, ки ин нукта зимни боздиди Антониу Гутерриш мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирӣ қарор гирифт. Номбурда аз ҷумла чунин  гуфт: «Кӯли Сарез мисоли хуби он мебошад, ки чӣ гуна мо бояд захираҳои обиро нигоҳ дорем. Мо бояд обро самаранок, ба шеваи устувор мавриди истифода қарор диҳем, зеро ин неъмати табиат барои истеҳсоли неруи барқ омили муҳим маҳсуб мешавад».

Дар робита ба андешаи Антониу Гутерриш  Пешвои миллат давоми солҳои охир борҳо аз минбари иҷлосияҳои 63-юм ва 64-уми Маҷмаи умумии СММ, Саммити Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим ва дигар анҷуманҳои байналмилалӣ доир ба масъалаи об сареҳан изҳори ақида кардаанд. Инсондўстӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ ба анъанаҳои ҳамсоядорӣ аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то ҳаддест, ки мавсуф ҳафт сол пеш зимни ирсоли Паёми худ ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр намуда буданд: «Мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсояҳои худро бе об нахоҳем гузошт».

Ба ғайр аз ин, шоистаи зикр аст, ки дар фасли тобистони камоби соли 2000 бо хоҳиши ҳамсоякишвар ҷониби Тоҷикистон ду маротиба даҳрўзӣ аз обанбори Норак дар ҳаҷми ҳазор метри мураббаъ дар як сония обро ҷорӣ намуд. Муҳимияти ин иқдом дар он зоҳир мешавад, ки  мувофиқи хоҳиши ҳамсояи худ мо огоҳона бар зарари худ, яъне аз баҳри фоида ва истеҳсоли қувваи барқ дар фасли зимистон гузашта, ба чунин иқдом даст задем.

Тасаввур кардан мушкил нест, ки агар ин обанбор ё обанбори Қайроқум, инчунин ҳисси анъанавии дастгирии ҳамсоягарӣ намешуд,  ҳамсояи мо чӣ гуна зарар медид. Вобаста ба тавозуни об бояд зикр намуд, ки тибқи хулосаи асосноки мутахассисон, оби дарёи Вахш 28,6 фоизи маҷрои миёнаи солонаи Амударёро ташкил медиҳад.  Далелҳо аз шаҳодат медиҳанд, ки идоракунии маҷрои Вахш дар доираи механизмҳои мавҷудаи умумиминтақавӣ амалӣ шуда, аз ин рў, сохтмони иншооти энергетикӣ дар ин дарё  ба маҷрои об таъсир нахоҳад расонид ва ҳаёти одамонро таҳти хатар қарор нахоҳад дод.

Суханони А. Гутерриш бобати он ки «зодгоҳи ман Португалия барои бунёди сарбандҳо маблағҳои ҳангуфт, миллионҳо маблағ сарф намуд, аммо Худованд ба кишвари дилписанди шумо сарбандҳои табиӣ ато кардааст, ин шаҳодати ҳикматест, ки шумо мардуми назаркарда мебошед» низ қобили мулоҳиза ва омили рўҳбаландкунанда ба ҳисоб меравад.  Ибрози андешаи фавқ далели он аст, ки Гуттериш аз тамоми масоили ба истифодаи об рабтдошта огоҳии комил дорад.

Дар идомаи суханони номбурда зикр намудан бамаврид аст, мутахассисони баландпоя, аз ҷумла олимони олмонӣ устувории сарбанди бо сангу шағал  ва бо меҳвари сафедхок сохташавандаро ҳамчун иншооти аз ҳама эътимоднок, дарозумр, камхавф ва барои шароити маҳал муносиб собит намуданд. Инро истифодаи қариб 43 — солаи бомуваффақияти сарбанди НБО-и  «Норак», ки дар масофаи на чандон дур аз НБО-и «Роғун» ҷойгир аст, ба таври возеҳ исбот менамояд.

Муҳимтар аз ҳама, моҳи октябри соли 2009 Комиссияи байналмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург ба сарбанди 300-метраи НБО-и «Норак» нишони махсус ва сертификати сифатро ҳамчун «Дастоварди олии афкори муҳандисӣ» сазовор донист.

Ҷоиз ба зикр аст, ки айни замон дар ҷаҳон 45 ҳазор неругоҳи саддӣ бо баландии аз 15 метр зиёд мавҷуд аст, ки барои таъмини сокинони сайёра  бо барқ, об, обёрии заминҳо ва муҳофизат ҳангоми баландшавии сатҳи оби дарёҳо  хизмат мекунанд. Қисмати зиёди чунин неругоҳҳо дар қитъаҳои Осиё  ва Америкаи Шимолӣ  сохта шудаанд. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Халқии Хитой 22 ҳазор, ИМА 6,6 ҳазор, Ҳиндустон 4,3 ҳазор ва Ҷумҳурии Япония 2,7 ҳазор ин гуна неругоҳҳо мавриди истифода қарор доранд. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, то соли 2000 аз ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҳамагӣ 30 фоизаш  истифода мешуду халос. Ҳоло бошад, дар тамоми неругоҳҳои барқи обии ҷаҳон наздики 2,650 трлн.кВт/соат барқ истеҳсол карда мешавад.

Нуктаи муҳим он аст, ки миёни 18 мамлакати кураи Замин, ки дорои иқтидори гидроэнергетикии аз  115 млн.кВт/соат то 1,920 млрд.кВт/соат дар як сол ҳастанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми шашум қарор дорад. Табиист, ки  бо афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон талабот ба неруи барқ низ зиёд мешавад. Пажўҳиши масъала аз ҷониби банда маълум намуд, ки бузургтарин НБО-ҳои амалкунанда бо иқтидори млн.кВт/ соат Ипайту  (Бразилия-Парагвай)-12,6, Такуру (Бразилия)-8,2, Гренд Кули (ИМА)-6,5, Саяно-Шушенск -6,4 ва Красноярский (Федератсияи Россия)-6, Черчилл-Форс-5,4,  Ла Гранде (Канада)-5,3 ва НБО-и «Норак» бо иқтидори -2,8 маҳсуб меёбанд.

Агар раванди истифодаи захираҳои гидроэнергетикиро дар кишварҳои олам дар қиболи ҳаҷми умумии он мавриди қиёс қарор диҳем, пас ин нишондиҳанда  дар ИМА ва  Канада – 65 фоиз, Япония -90, Италия, Франсия ва Швейтсария –98, Германия– 86,  Финландия -74, Россия – 26 фоизро ташкил медиҳад. Нуктаи муҳим он аст, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондиҳанда ҳамагӣ 6 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар давлатҳои  Аврупои Ғарбӣ ҳаҷми истифодаи неруи барқ ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол аз 6000 то 27000 кВт/соат, дар давлатҳои қитъаи Осиё (Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой) аз 390 то 820 кВт/соат ва қитъаи Африка (Бенин ва Малавӣ) аз 50 то 100 кВт/ соатро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Антониу Гутерриш дар доираи  нахустин сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шоми 11 июн дар пайи боздид аз Қазоқистону Ўзбекистон ва Қирғизистон вориди Тоҷикистон шуда буд.  Номбурда дар Душанбе бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, дар ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир»  иштирок намуд. Шоми 12 июн Антониу Гутерриш аз Душанбе озими Туркманистон – нуқтаи ниҳоии сафараш ба Осиёи Марказӣ шуд.

 Маълумотномаи  АМИТ «Ховар»:

Антониу Гутерриш соли 1949 дар Лиссабон таваллуд шудааст. Дар мактаби бонуфузи шаҳри Камойшн  таҳсил карда, соли 1965 талабаи беҳтарини Португалия эътироф  ва бо Ҷоизаи миллии литсейҳо ( Premio Nacional dog Liceis) қадрдонӣ гардидааст. Сипас, ба Донишгоҳи техникӣ шомил шуда, физика ва муҳандисиро омўхтааст.

Баъд аз хатми донишгоҳ, як муддат ба фаъолияти омўзгорӣ машғул шуда, соли 1974 ба Ҳизби сотсиалистии Португалия пайваст. Солҳои 1992 -2002 Котиби генералии ин ҳизб буд. Аз соли 1995 то 2002 дар маснади  Сарвазири Португалия ва солҳои 2005 – 2015 Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо фаъолияти пурмаҳсул  дошт. 13 октябри соли 2016  Дабири кулли СММ интихоб гардид.

Июнь 16, 2017 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид