Фарҳанги оиладорӣ «Зан ва зиндагӣ»

Июнь 8, 2017 10:44

ДУШАНБЕ, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дирӯз дар шаҳри Норак бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак маҳфили  фарҳангии оиладорӣ таҳти унвони «Зан ва зиндагӣ» доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар маҳфил муовини раиси шаҳр, намояндагони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия, тандурустӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуку тартибот, занону духтарони корхонаю муассисаҳо, фаъолзанон ва занони хонаниши кӯчаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти Пули Сангину Дӯконӣ ва минтақаҳои манзилӣ иштирок доштанд.

Тавре ки  мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Сайлӣ Расулова   зикр намуд, ҳар фарде агар ояндаи дурахшони кишварро орзу мекунад, месазад, ки қонуни мазкурро чонибдорӣ намуда, баҳри риоя ва амалӣ гаштани он камари ҳиммат бандад.

Зикр шуд, ки  қабул ва иҷрои қонуни мазкур тақозои замону амри ногузир буда, аз таърихи фарҳангу адабиёти миллат маншаъ гирифта, мардумро ба таълиму тарбияи фарзанд, масъалаҳои таҳсили наврасон ва ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир, ташвиқу тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, тамоюлҳои иртиҷоӣ, бекоргардӣ, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва муҳоҷирати ғайрирасмии меҳнатӣ ҳидоят мекунад.

 

Июнь 8, 2017 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид