Фарҳанги оиладорӣ «Зан ва зиндагӣ»
ДУШАНБЕ, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дирӯз дар шаҳри Норак бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак маҳфили фарҳангии оиладорӣ таҳти унвони «Зан ва зиндагӣ» доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар маҳфил муовини раиси шаҳр, намояндагони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия, тандурустӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуку тартибот, занону духтарони корхонаю муассисаҳо, фаъолзанон ва занони хонаниши кӯчаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти Пули Сангину Дӯконӣ ва минтақаҳои манзилӣ иштирок доштанд.
Тавре ки мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Сайлӣ Расулова зикр намуд, ҳар фарде агар ояндаи дурахшони кишварро орзу мекунад, месазад, ки қонуни мазкурро чонибдорӣ намуда, баҳри риоя ва амалӣ гаштани он камари ҳиммат бандад.
Зикр шуд, ки қабул ва иҷрои қонуни мазкур тақозои замону амри ногузир буда, аз таърихи фарҳангу адабиёти миллат маншаъ гирифта, мардумро ба таълиму тарбияи фарзанд, масъалаҳои таҳсили наврасон ва ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир, ташвиқу тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, тамоюлҳои иртиҷоӣ, бекоргардӣ, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва муҳоҷирати ғайрирасмии меҳнатӣ ҳидоят мекунад.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






