«Гулдухтарони суғдӣ» фарҳанги оиладориро баланд мебардоранд

Июнь 2, 2017 11:54

ДУШАНБЕ, 02.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва омода намудани духтарон ба оиладорӣ,   ҳамчунин бахшида ба Соли ҷавонон дар вилояти Суғд Фестивал-озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» баргузор гардид.   Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мақсади Фестивал-озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ»    аз тарғибу ташвиқ намудани бунёди оилаи солим, эътибори махсус зоҳир намудан ба тарзи муошират, нақши хонадон дар тарбияи ҷавонон, муносибати байниҳамдигарӣ дар ҳолатҳои гуногун, сабру таҳаммул, иззату эҳтиром, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, фарҳанги либоспӯшӣ, одоби рӯзгордорӣ ва маҳорати кадбонугӣ иборат буд.

Фестивал-озмуни  мазкур  дар ду давр гузаронида шуда, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардид.

Даври дуюм дар Муассисаи давлатии  Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила ва аъзои Шӯрои фаъолдухтарони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти озмун ба  ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ»     Сипоснома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

 

Июнь 2, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст