«Гулдухтарони суғдӣ» фарҳанги оиладориро баланд мебардоранд
ДУШАНБЕ, 02.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва омода намудани духтарон ба оиладорӣ, ҳамчунин бахшида ба Соли ҷавонон дар вилояти Суғд Фестивал-озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мақсади Фестивал-озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» аз тарғибу ташвиқ намудани бунёди оилаи солим, эътибори махсус зоҳир намудан ба тарзи муошират, нақши хонадон дар тарбияи ҷавонон, муносибати байниҳамдигарӣ дар ҳолатҳои гуногун, сабру таҳаммул, иззату эҳтиром, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, фарҳанги либоспӯшӣ, одоби рӯзгордорӣ ва маҳорати кадбонугӣ иборат буд.
Фестивал-озмуни мазкур дар ду давр гузаронида шуда, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардид.
Даври дуюм дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила ва аъзои Шӯрои фаъолдухтарони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти озмун ба ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» Сипоснома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






