Хадамоти гумрук ба Мактаб — интернати шаҳри Ҳисор кумак кард

Июнь 24, 2017 10:23

ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи иҷтимоию  маънавии  маъюбон, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, дар арафаи Иди саиди Фитр ва таҷлили 20 — солагии Ваҳдати миллӣ ба шахсони ниёзманд кумаки хайриявӣ расонид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумрук хабар доданд, бошандагони  Мактаб — интернати низомаш махсуси деҳаи  Хирманаки   шаҳри   Ҳисор  аз  маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва дигар маводи ғизоӣ  баҳравар гардиданд.

 

Июнь 24, 2017 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад