«ХАЙР, БОҒЧА! САЛОМ, МАКТАБ!»: намоишгоҳи кушод барои наврасон дар Хатлон
ДУШАНБЕ, 12.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо фаро расидани таътили тобистона дар толори Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ таҳти унвони «Хайр, боғча! Салом, мактаб!» намоишгоҳи кушоди иборат аз бозичаю лухтакҳо ва китобҳои тозанашри бачагона, махсусан барои синфҳои ибтидоиро ташкил намуда, ба маърази тамошо гузоштааст. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, ҳадафи асосии ин намоишгоҳ асосан тарғиби ҳамаҷонибаи адабиёти таълимӣ дар байни кӯдакону наврасон, такомули қобилияти зеҳнии онҳо, ташаккули шахсияти бунёдкор, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Зикр карда шуд, ки падару модарон, муррабияҳову омӯзгорон имконият доранд, ки минбаъд наврасон ва кӯдакони худро барои ба китобхона омадану аъзо шудан омода сохта, ҳамчунин ба онҳо истифодабарӣ аз хазинаи китобҳои бачагонаро омӯзонанд. Ҳамзамон ҳамаррӯза аз ҷониби китобдорон ҷиҳати таътили тобистонаи мактаббачагон дар толорҳои хониши бачагона чорабиниҳои шавқовару омӯзишӣ баргузор карда мешавад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






