«Идоракунии қарзҳои ғайрифаъол»-даври омӯзишӣ барои намояндагони ташкилотҳои қарзӣ

Июнь 30, 2017 11:44

ДУШАНБЕ, 30.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ семинари омӯзиширо дар мавзӯи «Идоракунии қарзҳои ғайрифаъол» (NPL) барои намояндагони ташкилотҳои қарзӣ баргузор намуд.

Тавре муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зикр намуд, ҳадаф аз баргузории семинар баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони низоми бонкӣ дар самти идоракунии қарзҳо ва пешбурди сиёсати қарзӣ иборат мебошад. Инчунин  гуфта шуд, ки мавзӯи семинар ба мушкилоти мубрами рӯз дар фаъолияти бонкӣ бахшида шуда, баргузор намудани он барои огоҳонидани ташкилотҳои қарзӣ аз мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар идома, Сироҷиддин Икромӣ изҳор намуд, ки тибқи таҳлилҳои солҳои охир, бинобар суст ба роҳ мондани фаъолияти қарзӣ  ташкилотҳои қарзӣ осебпазир гардиданд.

Аз ин рӯ, муовини Раиси БМТ С. Икромӣ  намояндагони ташкилотҳои қарзиро ба иштироки фаъолона, ташаббускорӣ дар пешниҳоди таклифҳои ҷолиб дар самти пешбурди сиёсати қарзӣ ва   низоми бонкӣ даъват намуд.

Семинар ду рӯз идома ёфта, дар он  тренерҳои ботаҷриба Фергус Кларк ва Натаниэл Дикерсон дарс гуфтанд. Дар баробари машғулиятҳои назариявӣ инчунин бо усули интерактивӣ машғулиятҳои амалӣ дар мавзӯи кор бо қарзҳои мушкилситон, андӯхтани таҷриба ва вазъи бозори қарзӣ доир гардиданд.

Қобили тазаккур аст, ки даври дуюми семинари амалӣ барои ташкилотҳои қарзии боқимонда дар мавзӯи «Идоракунии қарзҳои ғайрифаъол» 3-4 июли соли равон баргузор мегардад. Машғулиятҳои мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳа оид ба таҳким бахшидани инфрасохтори молиявӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва кумаки Ҳукумати Швейтсария (SECO) ва Британия Кабир амалӣ мегарданд.

 

Июнь 30, 2017 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд