Ифтитоҳи дафтари Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал дар Ашқобод
ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 19 июни соли 2017 дар шаҳри Ашқобод ифтитоҳи дафтари Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ва Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Нақши Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал дар рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он сафирони кишварҳои Осиёи Миёна, Аврупо ва роҳбарони намояндагони ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии муқими Ашқобод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Эсенмират Оразгелдиев конференсияро оғоз бахшида, Паёми табрикотии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро ба самъи ҳозирин расонд.
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода ҷониби Туркманистонро бо қабули Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ва ифтитоҳи расмии дафтари Кумитаи иҷроияи Фонди мазкур дар Ашқобод табрик гуфт ва зикр кард, ки давраи Раёсати ҷониби Туркманистон ба рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории байни кишварҳои муассиси Фонд такони нав хоҳад бахшид. Фаррух Шарифзода изҳори умедворӣ кард, ки Раёсат ба пешбурд ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад кард.
Тибқи Низомномаи Фонд, ҷониби Туркманистон аз соли 2017 то соли 2019 дар Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал раисикунанда мебошад ва дирӯз Раиси Кумитаи иҷроияи Фонд Гуйзгелдӣ Бейджанов расман ба кор шурӯъ намуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






