Ифтитоҳи истгоҳи филтратсионӣ дар КВД «Обу корези Душанбе»
ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи таҷлил аз 20-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ба ифтитоҳи истгоҳи филтратсионӣ дар истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкунии «Худҷореъшаванда»-и КВД «Обу корези Душанбе» заминагузорӣ кард. Раиси шаҳр бо пахши тугмаи идора ба фаъолияти обполакҳои зудамали регӣ ибтидо гузошт.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши безараргардонии оби ошомиданӣ дар пойтахт оғоз гардида буд.
Маблағи умумии лоиҳа 5 миллиону 970 ҳазор доллари ИМА буда, аз ин ҳисоб 1,32 миллион долларро ҳиссаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва боқиро гранти Бонки ҷаҳонӣ ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор аҳолии шаҳрро қонеъ месозад.
Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони ширкати «Шимбар»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сифати баланд ва дар мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шудааст. Обполакҳо бо истифодаи навтарин технологияи соҳа сохта шуда, ин аввалин таҷриба дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Зимни боздид аз истгоҳи филтратсионӣ Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба баланд бардоштани дараҷаи бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ ҷалб намуд.
Иншооти мазкур аз се ошёна ва даҳ ҳавзи обполӣ иборат мебошад, ки як бартарияти дигари лоиҳаро дар самти ихтисори майдони ҷойгиршавӣ ва коркарди хубтару беҳтари оби ошомиданӣ ифода мекунад.
Дар таъминоти саривақтӣ ва мунтазами аҳолии шаҳри Душанбе бо оби тозаи ошомиданӣ ҳавзи танзими шабонарўзии КВД «Обу корези Душанбе» аҳамияти калон дорад. Он аз се ҳавзи ҷудогонаи обҷамъкунӣ бо ғунҷоиши аз 330 то 380 ҳазор метри мукааб об иборат мебошад.
Дар коркарду безараргардонии оби барои муштариён интиқолшаванда, коргоҳи истеҳсоли гипохлориди натрий ҳам нақши асосӣ дорад. Дар ин коргоҳ, ки бо технологияи муосири олмонӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз шудааст, миқдори лозимаи гипохлориди натрий — маҳлул барои безараргардонии оби ошомиданӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар коргоҳ се хати истеҳсолӣ васл гардидааст ва маводи зарурӣ дар марҳилаҳои ҷудогона, аз ҷумла омода кардани намакоб ва тоза кардани он аз дигар пайвастагиҳои химиявӣ омода мешавад. Бино ба ҳисоби мутахассисон, солона барои коркарди пурраи оби ошомидании аҳолии шаҳри Душанбе аз 550 то 600 тонна намак истифода мегардад.











Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?






